воскресенье, 16 августа 2015 г.

Торти асалин бо равгани зард


Бисмиллаҳ

Махсулоти лозима: (барои хамир) 
равгани зард - 4 кошуки калон, 
 тухм- 4 дона, 
шакар -1 пиёла, 
 асал 2 кошуки калон,
 сода 2 кошуки майда, 
орд 3-4 стакан. 

 Тарзи тайёр намудан: равгани зард, асал, содаро хамрох мекунем, дар дигар зарф тухмхоро бо шакар лат мезанем. Ба болои дигар махсулотхоямон хамрох карда каме лат мезанем ва ба болои буг мегузорем такрибан 10 дакика якчанд маротиба бояд дам кунад ва хаф кунад. Аз болои буг гирифта мегузорем то каме хунук шавад, хунук ки шуд орд хамрох карда хамир мешурем, хамирамон бояд каме сустак бошад ки бо даст ва орд онро тунук бояд кунем. Хамирамонро ба 6-7 кисм таксим мекнем дар пушти лист орд пошида тунук карда пухта мегирем. Крем: атола мепазем , равгани маскаро бо ширкием лат мезанем атоларо хамрох карда хамаашонро хуб лат мезанем , креми мо омода шуд , коржхоямонро крем карда мегузорем то ки кремро кашад ва мулоим шавад


Комментариев нет:

Отправить комментарий

soc bar

Ретсепҳои дигар:

Related Posts Plugin for WordPress, Blogger...