понедельник, 26 января 2015 г.

Хуриш бо лубии сафед


Маҳсулоти лозима:

Лубии сафед  ( дар об ҷушонидашуда) 1 стакан
Пиёз- 2 дона
Тухм -3 дона( дар об ҷушонидашуда)
Картошка 2 - 3 дона
Панир 50 -100 гр
Каме кабудӣ
Намак
Равған барои бирён кардан

Тарзи омода намудан:
Бисмиллаҳ

Картошкаро тоза карда  ,чоркунҷаи майда реза карда  дар равған бирён карда мегирем.
Пиёзҳоро низ  тоза карда  чоркунҷа реза мекунем ва дар равған бирён карда мегирем.

Ҳамаи маҳсулотҳоямон: лубии ( дар об ҷушонидашуда) картошка,пиёз,каме кабудӣ,тухми чоркунҷа резакардашуда ҳамроҳ карда каме намак  ва майозез карда аралаш мекунем.Ба лаъличаҳо гирифта ба болояш панири аз тубтарошак гузаронида мепошем. Хуриши мо омода шуд.

Комментариев нет:

Отправить комментарий

soc bar

Ретсепҳои дигар:

Related Posts Plugin for WordPress, Blogger...