четверг, 26 июня 2014 г.

Торт медовик ˝˝Light˝˝




Маҳсулоти лозима  барои хамираш:

Кефир  0.5 л  (500 мл)
Шакар  1.5   2 стакан
Тухм 2 дона
Асал  2қошуқи оши
Модаи ковоккунанда 1 пачка
Какао 3 қошуқи оши
Орд  2 стакан

Бисмиллоҳ
Тарзи тайёр намудан:

Орд,шакар ва тухмҳоро аралаш мекунем,кефирро  ҳамроҳ карда  боз аралаш мекунем баъдан асалро меандознм мекобем,моддаи ковоккунандаро  ҳамроҳ карда ҳамаи маҳсулотҳоро хуб аралаш мекунем. Хамири мо тайёр шуд.Хамир бояд ба мисли  хамири бисквит бошад.Гирифта  хамирамонро ба 2 қисми баробар тақсим мекунем,ба  яктояш какао ҳамроҳ мекунем. Ба қолаби тортпазӣ рехта,2  бисквит мепазем  сиёҳ ва сафед.
Бисквитҳои тайёршударо гирифта крем мемолем,метавонед креми дилхоҳатонро тайёр намуда  истифода баред.
Болои тортро ман бо глазури шоколадӣ оро додам.

Комментариев нет:

Отправить комментарий

soc bar

Ретсепҳои дигар:

Related Posts Plugin for WordPress, Blogger...