суббота, 23 марта 2013 г.

Пирог “Мавзун”





Махсулоти лозима:
Тухм- 3 дона
Шакар- 1 стакан
Қаймойқ  - 3 қошуқи калон
Модаи ковоккунанда - 1 пачка
Маргарин 100 гр
Какао 1 кошуки калон
Орд
Тарзи тайёр кардан:



Тухму  шакарро каме лат мезанем,баъдан қаймоқро бо модаи ковоккунанда ҳамроҳ карда хуб аралаш мекунем,орд  ҳамроҳ карда хамир мешурем.Хамирамон бояд ба мисли хамири печени бошад.Сипас ба лаълии тафдон каме равған молида,хамирамонро дар дохилаш тунук мекунем, ба тафдон мегузорем,дар ҳарорати 180 дараҷа,то пухта шуданаш.Баъди пухта шуданаш  метавонед ба руяш мурабо  молед.Ман бошам ба руяш  креми  аз  торт боқи мондаамро молидам ва каме чормағзи аз турбтарошак гузарондам.


Пирог Санкт- Петербург





Маҳсулоти лозима:

Ҷугғот 1 стакан
Равғани растанӣ  1 стакан
Шакар 1 стакан
Асал  1 қ.ошӣ
Модаи ковоккунанда 1 пачка
Ванилин 1 пачка
Тухм 3 дона
Орд
Мураббо
Тарзи тайёр намудан:
Аз маҳсулотҳои  дар  боло зикр шуда хамир тайёр мекунем,хамиамон бояд  аз  хамири бисквит камтар сахтар бошад. Лаълии тафдонро равған молида хамирамонро  камтарашро гирифта  дар як тараф мегузорем,боқимондаашро ба лаълии тафдон тунук мекунем ба болояш мураббо мемолем,боқимонда хамирро ба болои мураббо тунук мекунем.Ба  тафдони 150 дараҷа гарм мугузорем , то пухта зардчатоб шуданаш.

soc bar

Ретсепҳои дигар:

Related Posts Plugin for WordPress, Blogger...